Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири дифоъи Эрон ба Озарбойҷон


Аҳмад Воҳидӣ, вазири дифоъи Эрон, имрӯз бо мақомоти Озарбойҷон ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ мекунад. Вазири эронӣ, ки дирӯз вориди Боку шуд, ба хабарнигорон гуфт, масоили амният дар минтақаи Баҳри Хазарро низ бо мақомоти озарӣ баррасӣ хоҳад кард. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, Сафар Абиев, вазири дифоъи Озарбойҷон, гуфтааст, кишвараш хостори субот дар минтақа аст, вале таҷовузи Арманистон ба хоки Озарбойҷон амнияти минтақавиро халалдор мекунад. Арманистону Озарбойҷон то соли 1994 бар сари Вилояти умдатан арманиниши Кӯҳистони Қаробоғи Озарбойҷон бо ҳам ҷангидаанд.
XS
SM
MD
LG