Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагони масҷиди Толиқон ба 20 нафар расид


Полиси Афғонистон мегӯяд, рӯзи ҷумъа Муҳаммад Умар-волии вилояти Кундуз ва 19 нафари дигар ҳангоми адои намоз дар яке аз масҷидҳои Толиқон-маркази вилояти Тахор кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, 35 нафари дигар дар ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд. Абдулҷаббор Тақво-волии вилояти Тахор гуфт, ин бомбгузорӣ шояд бар зидди Муҳаммад Умар буд, зеро вай аз Тахор буд ва мунтазам намозҳои рӯзи ҷумъаро дар Толиқон мегузошт. Умар дар гузашта аз ду суиқасд ҷон ба саломат бурда буд.
XS
SM
MD
LG