Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Аврупо Озарбойҷонро дар нақзи ҳуқуқ гунаҳкор донист


Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон ҳукумати Озарбойҷонро дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоботи озоду шаффоф дар соли 2005 гунаҳкор донистааст. Дар ҳукми додгоҳ парвандаи Флора Каримова, номзади ҳизби мухолифи “Озодӣ” ишора шудааст, ки моҳи ноябри соли 2005 дар ҳавзаи худ раъйи аксариятро ба даст овард, вале мақомоти интихоботӣ, натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ин ҳавзаро баэътибор эълом карданд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон, иқдоми мақомоти расмиро худсарона ва ғайриқонунӣ хонда ва аз ҳукумати Озарбойҷон хостааст, то ба Флора Каримова бештар аз 80 ҳазор доллар ҷуброн бипардозад.
XS
SM
MD
LG