Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори аввал зан президенти Бразилия мешавад


Интихоботи имрӯзаи раёсатҷумҳурии Бразилия зоҳиран барои нахустин бор бо интихоби раисиҷумҳури зан анҷом хоҳад ёфт. Натоиҷи назарсанҷиҳо ҳокист, ки Дилма Роуссефф, собиқ раҳбари маъмурияти президенти феълӣ Лула да Силва наздики 50 дарсади ороро ба даст оварда, шояд алакай дар даври аввал тоҷи пирӯзӣ ба сар кунад. Бино бар ин назарсанҷиҳо, рақиби аслии ӯ - волии собиқи Сан-Паулу Ҷозе Серра метавонад ҳамагӣ ба тақрибан 20 дарсади орои мардум умед бубандад.
Президент Лула да Силва, ки аз маҳбубияти бемисле дар Бразилия бархӯрдор аст, бо қатъият аз номзадии Дилма Роуссефф ҳимоят кард ва ӯ ҳам ваъда супурда, ки дар мақоми раҳбарии ин бузургтарин кишвари Амрикои лотинӣ хатти машши сиёсии Луларо идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG