Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Кашфи аҷсоди 5 ангишткан дар кони "Распадская"

Аз нақбҳои селшустаи кони ангишти “Распадская” дар вилояти Кемерово, дар минтақаи Сибири Русия аҷсоди 5 ангиштканро пайдо кардаанд, ки шумори расмии қурбониёни ду таркиши гази метан дар ин кон дар моҳи майро ба 68 нафар мерасонад. Кашфи аҷсоди ин 5 ангишткан дар ҷараёни анҷоми корҳои тармимӣ дар кони “Распадская”, бузургтарин кони зеризаминии ангишт дар Русия, муяссар шудааст. Фалокати рӯзи 8 май яке аз пурқурбонитарин таркишҳо дар конҳои ангишти Русия дар 19 соли гузашта аз замони фурӯпошии Шӯравӣ маҳсуб мешуд ва аҷсоди 20 ангишткан то ҳол ёфтношуда боқӣ мемонад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳукумати Эронро танқид кард

Нерӯҳои амниятии Эрон тазоҳургаронро саркӯб мекунанд

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 5-уми октябр мақомоти Эронро ба чораҳои аз ҳад сахтгирона, аз ҷумла истифодаи нерӯву силоҳ, алайҳи эътирозгарон дар он кишвар муттаҳам кард.

Тазоҳуроти норозиён дар Эрон моҳи сентябри имсол ва пас аз марги як духтари 22-сола сар шуд.

Маъмурони пулиси ахлоқ Маҳсо Аминиро ба гумони “бадҳиҷобӣ” дастгир карданд ва ӯ баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ дар бемористон даргузашт.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои ҳукумат дар бораи саркӯби шадид, мавҷи эътирозҳо дар гӯшаҳои гуногуни Эрон идома дорад.

Ба иттилои Дидбони Ҳуқуқи Башар, дар 18 рӯзи тазоҳурот дастикам 154 нафар, аз ҷумла бо зарби тир, кушта шудаанд. Дар миёни онҳо занону духтарон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Тоқаев тасмим дорад, "аз номи эътилофи нерӯҳои мардумӣ" номзад шавад

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бар ин назар аст, ки дуруст мебуд, агар вай "на аз кадом ҳизби мушаххас", балки аз "эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ" ба интихобот мерафт.

Дар ин бора вай рӯзи 5-уми октябр дар сафари кориаш ба вилояти Павлодари Қазоқистон хабар дод.

"Ман мебинам, ки масълаи аз кадом ҳизб номзад шудани ман дар ҷомеа бо таваҷҷуҳи хос баррасӣ мешавад. Ошкоро мегӯям - эътилофҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳизбҳо пешниҳод доранд, ки аз номи онҳо номзад шавам. Фикр мекунам, дуруст мебуд, агар ман на аз номи ҳизби мушаххас, балки аз номи эътилофи васеи неруҳои мардумӣ ва сиёсӣ номзад мешудам", - гуфт Тоқаев.

Вай бори дигар ваъда кард: ҳамчун роҳбари давлат "кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ бидуни тақаллуб, ошкоро ва боадолатона баргузор мешавад".

То ин замон дар Қазоқистон чаҳор нафар даъвогари курсии президентӣ шудаанд.

Президенти амалкунандаи Қазоқистон рӯзи 1-уми сентябри имсол интихоботи пеш аз муҳлати президентиро эълон кард. Ин интихобот рӯзи 20-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз таъйини рӯзи интихобот ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карданд, ки акнун президент барои як давраи 7-сола интихобот мешавад ва ҳаққи дубора интихобот шуданро надорад.

Путин фармони ба моликияти Русия табдил додани нерӯгоҳи Запорожеро имзо кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 5-уми октябр фармонеро имзо кард, ки бар асоси он ҳукумати Русия вазифадор шудааст, неругоҳи атомии Запорожеи ғасбшударо ба моликияти Русия табдил диҳад.

Ин неругоҳ бо шаш бахши атомӣ бузургтарин неругоҳи атомии Аврупо аст. Неругоҳ дар ҳудудҳои аз сӯи артиши Русия ғасбшудаи вилояти Запорожеи Украина ҷойгир аст.

Путин ҳамчунин рӯзи 5-уми октябр қонунҳои федеролиеро имзо кард, ки тасвиби созишномаҳоро дар бораи ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Донетск, Запороже, Луҳанск, як қисмати вилоятҳои Николаев ва Херсони Украина ба ҳайати Русия пешбинӣ мекунанд.

Ӯ ҳамчунин қонунҳои федеролии конститутсиониеро ба имзо расонд, ки тибқи онҳо, дар Русия чаҳор минтақаи нави маъмурӣ таъсис меёбад.

Созишномаи ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русияро қаблан Шӯрои федератсияи ин кишвар тасвиб карда буд. Ҳамроҳкунии минтақаҳоро аз 170 вакил 153 нафар ҷонибдорӣ карданд.

Қаблан Владимир Путин дар як маросим қарори ғасби минтақаҳои ишғолшудаи Украинаро зери унвони “аҳдномаҳои пайвастшавӣ” имзо кард.

Ин маросим се рӯз баъди анҷоми референдумҳои созмондодаи Кремлин дар бораи гуё пайвастани қаламравҳо ба Русия баргузор шуд ва натиҷаҳои онро Киеву Ғарб ҳамчун ғасби қаламравҳо бо роҳҳои мусаллаҳона маҳкум карданд.

Ин чор қаламрав ҳамсарҳади нимҷазираи ҳамчунин соли 2014 ғайриқонунӣ ишғол ва ҳамроҳшудаи Қрими Украина ба Русия мебошанд. Ҳамаи ин панҷ минтақа 20 дарсади қаламравҳои Украинаро ташкил медиҳанд.

Як низомӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар синаи худ тир задааст

Низомиёни қирғиз.

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон низомии неруҳои вижаи "Илбирс" С.М. дар қафаси синаи худ тир задааст. Дар ин бора аз вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар доданд.

Дар вазорати мудофиа гуфтанд, низомӣ дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 5 октябр рух додааст. Вазъи низомӣ ва ҳамчунин ангезаи ин амалӣ ӯ хабар дода намешавад.

Дар чанд моҳи охир дар Қирғизистон ҳолатҳои худкушӣ ё маҷруҳсозии низомиёну сарбозон дар қисҳоми низомӣ афзудааст. Моҳи июли соли ҷорӣ дар қисми низомие дар деҳаи Кой-Тоши наздкии шаҳри Бишкек як сарбози 22-сола фавтид. Волидони вай гуфтанд, ба худкушии писарашон бовар надоранд.

Ҳамчунин 29 июл сарбози дигар Калис Абдиқобилови 18-сола аз тири силоҳ кушта шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, вай худкушӣ кардааст. Аммо наздикони сарбоз ба худкушӣ будани ин ҳодиса шубҳа карданд.

Дар Узбекистон як мард сари келинашро аз тан ҷудо кардааст

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар вилояти Фарғонаи он кишвар марди 64-сола баъди ҷанҷоли хонаводагӣ сари келинашро аз тан ҷудо кардааст.

Ин ҳодиса рӯзи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Қуштеппаи вилояти Фарғона рух додааст. Марди солхӯрда И.Р., ба келинаш таъкид кардааст, ки ғизоро болаззаттар омода кунад. Келин К.Г. дар посух гуфтааст, ғизоро тарзе омода мекунад, ки метавонад.

Мард ба дунболи келин ба ошхона даромада, нахуст дар гардани вай мезанад. Келин аз ҳуш меравад ва мард ӯро ба мошин бор карда, ба теппаҳои атрофи маҳалли зисташон бурда, сарашро аз тан ҷудо мекунад.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "куштори барқасдона" парванда боз ва тафтишот идома дорад.

Президенти Қирғизистон гуфт, русиягиҳо набояд аз истирдод ҳарос дошта бошанд

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Дар мусоҳиба бо нашрияи New York Times президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, русиягиҳое, ки аз "мобилизатсия" фирор кардаанд, набояд аз истирдод ҳарос дошта бошанд.

Вай илова кард, барои Қирғизистон "ин падидаи нав аст" ва шаҳрвандони Русия метавонанд, "инҷо омада, озодона кор кунанд".

Ҷабборов гуфт, ки дар бораи теъдоди вуруди шаҳрвандони Русия ба Қирғизистон иттилоъ надорад. "Мо аз ин фоидаашро мебардорем, на зарарашро", - гуфт Ҷабборов.

Баъди эъломи басиҷи низомӣ ё "мобилизатсия" дар таърихи 21 сентябри соли ҷорӣ дар Русия ҳазорон шаҳрванди он кишвар ба хориҷ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор карданд.

Якбора афзудани сафари теъдоди шаҳрвандони Русия ба Осиёи Марказӣ билети ҳавопаймо ба ин кишварҳоро гарону камёфт ва меҳмонхонаҳоро пур аз меҳмонон кардааст.

Се голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи Муғулистон

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» тими Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ин бозӣ, ки шаби чоршанбеи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, комилан бо бартарии футболбозони навраси тоҷик сурат гирифт.

Ҳисоб дар дақиқаи 28-ум кушода шуд. Тӯбро капитани мунтахаби Муғулистон Итгел Баясгалан ба дарвозаи дастааш зад. Дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 45-ум, капитани мунтахаби Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов голи дувумро ба самар расонд. Голи севумро Шеравган Саидов дар ибтидои нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 48-ум, ба дарвозаи муғулҳо ворид кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Афғонистон, Муғулистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе то рӯзи 9-уми октябр идома хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии дувум ва охиринашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо тими наврасони Афғонистон (U-17) рӯзи якшанбе, 9-уми октябр, баргузор мекунад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола, ки аз 3-юм то 20-уми майи соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ пайдо мекунанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола:

Гурӯҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, Имороти Муттаҳидаи Араб.

Гурӯҳи «С»: Умон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Молдив, Кувайт.

Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайпэйи Чин, Непал.

Гурӯҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ

Гурӯҳи «Н»: Тоҷикистон (мизбон), Афғонистон, Муғулистон.

Гурӯҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.

Гурӯҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Узбекистон (мизбон)

Гурӯҳи «H»

Даври 1-ум

Муғулистон – Тоҷикистон – 0:3

Голҳо: Итгел Баясгалан, 28 – ба дарвозаи худ (0:1), Абубакр Сулаймонов, 45 (0:2), Шеравган Саидов, 48 (0:3).

5 октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Даври 2-юм

7 октябр (ҷумъа)

19:00 - Афғонистон - Муғулистон

Даври 3-юм

9 октябр (якшанбе)

19:00 - Тоҷикистон - Афғонистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Президенти Украина аз озодшавии чандин шаҳру деҳ хабар дод. ВИДЕО

Украина аз пешравӣ дар муқовимат бо Русия гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Президенти Украина эълон кард, ки нерӯҳои кишвараш дар як ҳафтаи охир дар ҷанг бо низомиёни рус ба пешрафтҳои чашмрас ва босуръате ноил шуда, тавонистаанд, даҳҳо шаҳру деҳро дар ҷануб ва шарқи Украина бозпас гиранд.

Владимир Зеленский дар паёме шаби сешанбе гуфт, “танҳо дар ҳамин ҳафта, баъди баргузории раъйпурсии қалбакии Русия даҳҳо минтақаи аҳолнишин озод карда шуданд. Ин минтақаҳо дар Харков, Херсон Луҳанск ва Донетск ҷойгиранд.”

Русия рӯзи 30-юми сентябр бо баргузории ба ном ҳамапурсӣ ин минтақаҳоро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ раъйпурсиро “сохта” ва “ғайриқонунӣ” хонданд.

Мақомоти украинии минтақаҳои рӯ ба Маскав мегӯянд, рӯзи душанбе сарбозони Украина чанд деҳаи наздик ба дарёи Днепрро гирифтанд.

Дар чанд рӯзи охир нерӯҳои Русия дар Донетск ва Херсон ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Зоҳиран онҳо бо охирин нерӯ ва ба сахтӣ ба зидди нерӯҳои саропо мусаллаҳи Украина аз ҷониби ғарб меҷанганд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 4-уми октябр аз 625 миллион доллар кумаки нави амниятӣ ба Украина хабар дод.

Зеленский ҳамагуна музокираро бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ғайриимкон хонд. Кремл гуфт, агар Украина аз гуфтушунид даст кашад, “амалиёти низомӣ” идома хоҳад кард.

Расонаҳо: Боқир Намозии 85-сола Эронро тарк кард

Боқир Намозӣ

Боқир Намозии 85-сола, корманди пешини ЮНИСЕФ, Эронро тарк карда, ба Уммон рафтааст.

Дар ин бора сомонаи нимарасмии "Хабар онлайн" рӯзи 5-уми октябр бо нашри наворе хабар дод.

Ин марди амрикоии эрониасл пештар дар Эрон зиндонӣ буд ва баъди раҳоияш аз онҷо ҳаққи берун рафтан надошт.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Уммон рӯзи 4-уми октябр ба Теҳрон барои супурдани як шаҳрванди Амрико изҳори сипос кардааст.

Созмони Милал рӯзи 1-уми октябр гуфт, баъди муроҷиати дабири кул Антонио Гутерриш ба раисиҷумҳури Эрон, Теҳрон розӣ шудааст, ки Намозӣ барои табобат ба хориҷа шавад.

Боқир Намозӣ аз бемории дил ранҷ мекашад ва ҳангоми зиндонӣ буданаш борҳо дар шифохона бистарӣ шудааст.

Раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод

Талант Мамитов

Талант Мамитов аз мақоми раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод. Ӯ дар ҷаласае рӯзи 5-уми октябр гуфт, ки бо "хоҳиши худ” рафтааст.

"Сабаб ҳодисаи чанд рӯз пеш дар порлумон аст. Мо ихтиёран ба вилояти Бодканд рафтем. Баъзе аз вакилон ин масъаларо дар порлумон матраҳ карданд ва он расонаӣ ҳам шуд. Он замон тасмим гирифта будам, ки ариза навишта, ба Бодканд равам, вале бо хоҳиши ҳамкорон муваққатан салоҳиятҳои худро дар ихтиёри муовини раиси порлумон гузоштам. Имрӯз тасмим гирифтам, ки бо хоҳиши худ аз раисии порлумон канорагирӣ кунам,” -- изҳор дошт Мамитов.

Вакилони порлумони Қирғизистон 22-юми сентябри имсол баъди низои навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14 ва 17-уми сентябри имсол сар зад, пушти дарҳои баста вазъро баррасӣ карданд.

Дар натиҷа, тасмим гирифтанд, ки ба вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Тоҷикистон рафта, бо сокинон мулоқот кунанд.

Раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Бутун Киргизстан" Адахан Мадумаров 28-уми сентябр хабар дод, ки раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба он ҷаласаи пӯшида ду сандуқ силоҳ бурда буд. Дертар акси вакилони порлумони Қирғизистон бо силоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Талант Мамитов яке аз ҳампаймонҳои сиёсии наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) аст ва ӯ баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 дар он кишвар раиси порлумон интихоб шуда буд.

Дар Алмато боздошти фаъолони қарақалпоқистонӣ идома дорад

Акс аз бойгонӣ

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли қарақалпоқистонӣ Зиуар Мирманбетоваро дастгир кард.

Намояндаи ҷомеаи қарақалпоқистониҳо дар Алмато Оқилбек Муродбой хабар дод, ки маъмурони интизомӣ шоми 4-уми октябр Мирманбетоваро дар хонааш боздошт карда, ба идораи пулиси шаҳр бурдаанд.

Ба гуфтаи Муродбой, Мирманбетова чаҳорумин фаъоли қарақалпоқистонист, ки дар Алмато боздошт мешавад.

Расонаҳо пештар аз боздошти чаҳор фаъоли қарақалпоқистонӣ, аз ҷумла Раиса Худойбергенова дар Алмато хабар дода буданд.

Бино ба хабарҳо, Худойбергенова, ки ҳамчун табиби бемориҳои дил дар Қазоқистон кор мекард, дар коргоҳаш дастгир шудааст.

Нашрияи "Власт"-и Қазоқистон менависад, Худойбергенова ба "суиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон" гумонбар мешавад.

Ба зидди фаъолони дигари қарақалпоқистонӣ Жангелдӣ Жақсимбетов ва Қошқарбой Торемуратов, ки қаблан дар Алмато боздошт шуда буданд, низ бо ин иттиҳом айб эълон гаштааст.

Пулиси Алмато то ҳол боздошти қарақалпоқистониҳоро шарҳ намедиҳад.

Вокуниши Остона ба суханҳои намояндаи ВКХ-и Русия

Ойбек Смадияров

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 5-уми октябр ба изҳороти намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова вокуниш кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров гуфт, суханҳои Захарова хилофи шарикии стратегии Остона ва Маскав аст.

"Ба назари мо, оҳанги изҳороти вай ба табиати муносибатҳои ҳампаймонии Қазоқистон ва Русия ҳамчун шарикони баробарҳуқуқи стратегӣ созгор намебошад", - изҳор доштааст ӯ.

Захарова як рӯз пеш изҳори норозигӣ кард, ки сафири Украина дар Қазоқистон Петр Врублевский ба Остона баргаштаааст ва ӯро ба ҳайси раҳбари намояндагии дипломатӣ қабул карданд. Ӯ дипломати украиниро "русбадбини ҷангҷӯй" ва "миллатгарои нафратовар" номид.

Ба гуфтаи Смадияров, "мавқеи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон роҷеъ ба "рафтори иғвоангезонаи Петр Врублевский” ба ҷониби Украина расонида ва ҳамчунин гуфта шуд, "изҳороти Врублевский, ки ба эҳсосоти қазоқистониён, аз ҷумла сокинони рустабори кишвар нохун мезананд", ғайриқобили қабул аст.

Тошканд "Маркази байналмилалии молӣ" номида шуд

Майдони Амир Темур

Маркази байнулмилалии таҳлилии "Z/Yen" дар Бритониё Тошкандро ба "Шохиси ҷаҳонии марказҳои байнулмилалии молӣ" (GFCI) ҳамчун "Маркази байнулмилалии молӣ" шомил кардааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарони "Z/Yen", "GFCI" рақобатпазирии марказҳои байнулмилалии молиро аз нигоҳи бозори молӣ, муҳити тиҷорат, сармояи инсонӣ, зербиноӣ ва эътибори кишвар арзёбӣ мекунад.

Радабандии ҷомеаи молӣ ва сармоягузории "GFCI" 30 ҳазор сармоядор ва 5 ҳазор иттиҳодияи байнулмилалиро аз 138 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, шомилшавии Тошканд дар ин шохис ба ҷалби сармояҳои бештари ҷаҳонӣ ба Узбекистон мусоидат хоҳад кард.

Forbes: Баъд аз эълони басеҷ 700 ҳазор кас Русияро тарк кардааст

Акс аз бойгонӣ

Ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди Русия баъди эълони басеҷ ё сарфарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ин кишварро тарк кардааст. Дар ин бора маҷаллаи “Forbes” бо истинод ба манбаи худ дар маъмурияти президенти Русия хабар дод.

Манбаи маҷалла дар Кремл гуфтааст, аз оғози маъракаи басеҷ дар Русия 1 миллион нафар ин кишварро тарк кардааст. Вале як манбаи дигари маҷалла дар маъмурияти президенти Русия гуфтааст, шумори берунрафтаҳо 600-700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамсуҳбати маҷалла дақиқ кардани онро ки чи қадари русиягиҳо бо ҳадафи сайёҳӣ ба хориҷ рафтаанд, номумкин номидааст.

Пештар вазири умури дохилии Қазоқистон хабар дода буд, ки аз 21-уми сентябри имсол то ба имрӯз беш аз 200 ҳазор русиягӣ вориди он кишвар шудааст.

Таҳсили 31 ҳазор тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Русия

31 ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Русия мехонанд ва ин шумора дар муқоиса ба омори соли гузашта ду ҳазор нафар бештар будааст.

Дар ин бора дар мулоқоти Валерий Фалков, вазири маорифу илми Русия бо сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулаҳмадзода рӯзи 4-уми октябр изҳори назар шуд. Ба иттилои мақомот, 17 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар Русия аз ҳисоби буҷаи федеролӣ мехонанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сомонааш навишт, дар мулоқот суҳбат аз дурнамои ифтитоҳи намояндагиҳои бештари донишгоҳҳои Русия ва афзоиши квота барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ рафтааст.

Фалков гуфтааст, Русия ба рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши омӯзишу парвариш манфиатдор аст ва аз фаъолияти намояндагиҳои Донишгоҳи давлатиии ба номи Ломоносов дар Душанбе, МИСИС, МЭИ, инчунин Донишгоҳи славянӣ , ки дар умум 1,7 ҳазор донишҷӯро фаро мегиранд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Русия дар Тоҷикистон панҷ мактаби миёнаро ҳам сохта, онҳоро қисман бо омӯзгорон таъмин кардааст. Фалков гуфтааст, ҷониби Русия дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистону Русия манфиатдор аст.

Муҳокимаи хушдомане, ки ба марги арӯс муттаҳам аст

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд соли гузашта дар хонааш ёфтанд

Додгоҳи ноҳияи Файзобод рӯзи 5-уми октябр ба баррасии парвандаи Бибикалон Назирова, сокини 51-солаи ин ноҳия, оғоз кард. Ӯ ба марги келинаш гумонбар аст. Назирова моҳе пеш дастгир шуд.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини ин занро соли гузашта дар хонааш ва бо 26 зарби корд ёфтанд. Мақомот дар аввал гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Павандонаш аз оғоз ба худкушии ӯ шубҳа доштанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони зан аз ӯ хостаанд, ки аз “гуноҳаш” гузарад. Ӯ гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талошро хоҳад кард ва аз аризаи худ даст нахоҳад кашид.

“Ҳоло талош доранд, ӯро бемор вонамуд карда, ҷазояшро сабук кунанд ё озод намоянд. Ташхисҳои аввал ӯро солим нишон додаанд. Бовар дорам, ки додгоҳ ҳукми одилона содир мекунад ва барои хушдоманҳои дигари келинозор дарси ибрат мегардад,” – афзуд ӯ.

Мақомот ва наздикони зани боздоштшуда Бибикалон Назирова дар ин бора суҳбат накарданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд ва эълон кард, ки тафтиши он давом дорад.

Дар Тоҷикистон худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

Путин қонунҳоро дар бораи ғасби минтақаҳои Украина имзо кард

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 5-уми октябр қонунҳои федеролиеро имзо кард, ки тасвиби созишномаҳоро дар бораи ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Донетск, Запороже, Луҳанск, як қисмати вилоятҳои Николаев ва Херсони Украина ба ҳайати Русия пешбинӣ мекунанд.

Ӯ ҳамчунин қонунҳои федеролии конститутсиониеро ба имзо расонд, ки тибқи онҳо, дар Русия чаҳор минтақаи нави маъмурӣ таъсис меёбад.

Созишномаи ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русияро қаблан Шӯрои федератсияи ин кишвар тасвиб карда буд. Ҳамроҳкунии минтақаҳоро аз 170 вакил 153 нафар ҷонибдорӣ карданд.

Қаблан Владимир Путин дар як маросим қарори ғасби минтақаҳои ишғолшудаи Украинаро зери унвони “аҳдномаҳои пайвастшавӣ” имзо кард.

Ин маросим се рӯз баъди анҷоми референдумҳои созмондодаи Кремлин дар бораи гуё пайвастани қаламравҳо ба Русия баргузор шуд ва натиҷаҳои онро Киеву Ғарб ҳамчун ғасби қаламравҳо бо роҳҳои мусаллаҳона маҳкум карданд.

Ин чор қаламрав ҳамсарҳади нимҷазираи ҳамчунин соли 2014 ғайриқонунӣ ишғол ва ҳамроҳшудаи Қрими Украина ба Русия мебошанд. Ҳамаи ин панҷ минтақа 20 дарсади қаламравҳои Украинаро ташкил медиҳанд.

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, тарс додани хабарнигоронро бас кунанд

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми октябр паси дарҳои баста Ғурбатиро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум намуд. Худаш гуфтааст, гуноҳе надорад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон, мегӯяд, "CPJ ҳукми сангин ва ноодилонаро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум мекунад."

"Ба назар мерасад, он ҳосили нороҳатии мақомоти Тоҷикистон аз маъруфияти журналистикаи иҷтимоӣ аст, ки Ғурбативу ҳамкораш Далери Имомалӣ дар ин соҳа кор мекарданд."

Ӯ талаб кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила Абдуллоҳ Ғурбативу Далери Имомалӣ ва журналистони дигари боздоштшударо раҳо кунанд. CPJ мегӯяд, онҳо барои хабарнигорӣ дастгир шудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, маъракаи тарс додани рӯзноманигоронро бас кунанд.

Дар панҷ моҳи охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам ду нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуданд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гашта ва худашон ҳушдор гирифтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

26-сола аст ва солҳои охир ҳамчун журналисту блогери мустақил кор мекард. Дар гузоришҳояш дар Ютуб масоили ҳассоси иҷтимоиро ба баҳс гирифта, аз кори мақомот башиддат танқид мекард. Дар гузашта дар хабаргузории "Азия-Плюс", нашрияи "Пайк" ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи майи соли 2020 ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифт. Бори аввали дар назди хонааш дар Душанбе ва бори дувум замоне ки мехост аз вазъи сокинони селзадаи Хуросон гузориш диҳад.

Тоҷикистон зиёни расидаро аз даргирии марзӣ бо Қирғизистон гуфт

Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара, моҳи сентябри 2022

Мақомоти Тоҷикистон зарари расидаро аз муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марз бо Қирғизистон эълон карданд.

Сухангӯйи раиси вилояти Суғд ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дар даргирии ахир дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров 85 манзил пурра вайрон шуда, беш аз 180 оила зарар диданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 манзил ба хок яксон шуда, 90 хонаи дигар қисман зарар дидааст. Ӯ теъдоди манзилҳои харобшударо дар шаҳри Исфара 69 адад гуфтааст.

Ба қавли сухангӯи раиси вилояти Суғд, манзилҳои харобшуда то аввали моҳи ноябр барқарор карда хоҳанд шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҷуз манзили сокинон, инчунин, даҳ масҷид ва чанд мактаб дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон осеб диданд.

Ҷониби Қирғизистон ҳам айни ҳамин иддаоро дорад ва мегӯяд, дар муноқишаи ахир 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ зарар дид.

Мулоқоти "хеле эҳсосӣ"-и сокинон бо президенти и Қирғизистон

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон дар мулоқоти президенти он кишвар Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯш рӯзи 4 октябр ширкат карданд. Жанарбек Оқоев, вакили порлумон гуфт, мулоқоти президент бо сокинон "хеле эҳсосӣ" буд.

"Президент ва раиси КДАМ дар бораи вазъ марзи Қирғизистон бо Узбекистон иттилои муфассал доданд ва сокинон суол карданд. Гуфта шуд, ки дар асоси харитаи соли 1965 бархе аз қитъаҳо ба Узбекистон тааллуқ дорад, аммо дар натиҷаи гуфтугӯҳо ҳама масъалаҳо ҳал шуд ва Қирғизистон чизеро аз даст надодааст. Дар мавриди обанбори Кампиробод гуфта шуд, ки ҳам об ҳам замин аз мост. Бархеҳо ба ҳарфҳои президент бовар карданд, бархеи дигар не", - гуфт Оқоев.

Вакили дигар Адахон Мадумаров, ки низ дар мулоқот ширкат кардааст, гуфт, "обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода шудааст". "Бештар аз 4 ҳазор ҳектар дода шуд, гуфтанд, ки ҳанӯз дар соли 1965 барои ин ба мо ҷуброн пардохт шудааст. Аз ҳамин хотир чунин ҷамъомадҳо бояд шаффоф баргузор шаванд", - гуфт вакил.

Дар мавриди созиш бо Узбекистон оид ба обанбори Кампирободи вилояти Ӯш мақомоти расмии Қирғизистон хабаре намедиҳанд.

Рӯзи 4 октябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш мулоқот кард. Хабар дода мешавад, ки бархе аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил ва талаби мулоқоти боз бо ҳамаи сокинони ноҳияро карданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода нашавад.

Моҳи марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, дарғот ё садди обанбор таҳти назорати ҷониби Узбекистон қарор мегирад, аммо захираи обро ҷонибҳо муштаракан истифода мекунанд. Баъди ин изҳорот сокинони Қирғизистон борҳо талаби бекорсозии тасмими мазкурро карданд.

Украина аз гуфтугӯ бо Владимир Путин расман даст кашид

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, бо имзои фармоне қарори Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи кишварашро аз 30-юми сентябр ба иҷро даровард. Дар ин қарор омадааст, ки бо президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин гуфтугӯ сурат нахоҳад гирифт.

Ин тасмими Шӯрои амнияти Украина дар посух ба ғасби қаламравҳои Украина аз сӯи Русия гирифта шуд.

Фармони Зеленский 4-уми октябр нашр шуд. Ҳамчунин матни муроҷиати президенти Украина, раиси порлумон ва сарвазири он кишвар ба НАТО нашр шуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, даст кашидани Зеленскийро аз гуфтугӯ бо Путин шарҳ дод. "Акнун мунтазир мешавем, ки ё президенти кунунии Украина тағйири мавқеъ мекунад ё президенти навбатии Украинаро интизор мемонем, ки мавқеи худро ба нафъи мардуми украин тағйир медиҳад", - гуфт Песков.

30-юми сентябр Владимир Зеленский хабар дод, ки Украина барои фавран шомил шудан ба НАТО дархост медиҳад. Вай ҳамчунин гуфт, Украина то замони дар қудрат будани Путин бо Русия ҳеч гуфтугӯе нахоҳад кард. Ин изҳороти Зеленский посух ба ғасби ҳудудҳои Украина аз сӯи Русия буд.

Президенти Русия Владимир Путин борҳо гуфт, Маскав омодаи гуфтугӯ бо Киев аст, аммо боре ҳам ишора накард, ки худи вай мустақим дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунад ё на.

Додгоҳ бозори бародари Назарбоевро ба давлат баргардонд

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон шартномаи хариду фурӯши ширкати "Найза - БН"-ро бекор кард. Ин ширкат муассиси калонтарин бозори яклухтфурӯшии "Барис-4" дар шаҳри Алмато аст.

"Додгоҳ тасмим гирифт, ки шикоятро қонеъ ва шартномаи хариду фурӯши саҳми давлат дар сармояи оинномавии ширкати "Найза-БН"-ро бекор кард", - хабар доданд аз додгоҳи шаҳрии Алмато.

Ба иттилои вазорати молияи Қазоқистон, яке аз муассисони ширкати "Найза-БН" Болат Назарбоев - бародари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст. 65 дарсади саҳмияҳои бозор ба Болат Назарбоев тааллуқ доштааст.

Ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, ҳангоми хариду фурӯш бозор бештар аз 3 млн доллар арзиш дошт, аммо онро ба қимати ҳамагӣ 640 ҳазор доллар фурӯхтаанд.

Меркел барои ҳимоят аз паноҳандагон барандаи ҷоизаи СММ шуд

Ангела Меркел

Нахуствазири пешини Олмон рӯзи 3-юми октябр барандаи ҷоизаи муътабари "Nansen Award"-и Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон шуд.

Ангела Меркел аз тарафи ин ниҳод барои талошҳояш ба хотири дифоъ аз ҳаққи паноҳандагон дар даврони фаъолияташ ба унвони нахуствазир, мавриди ситоиш қарор гирифт.

Олмон дар солҳои 2015-2016 аз як миллиону дусад ҳазор паноҳҷӯ истиқбол кард, ки бештарашон паноҳандагони суриягӣ буданд.

Шуморе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф он замон аз тасмими қабули паноҳандагон аз сӯи хонум Меркел танқид карда буданд.

Ҷанҷоли Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҷаласаи САҲА кашиданд

Ин мошин ҳангоми даргирӣ сӯхтааст. Исфара, моҳи сентябри 2022

Ҷанҷоли марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дар моҳи сентябри имсол, ки аз ду тараф даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳс кардаанд. Нишаст бахше аз ҷаласаи арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава буд ва рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд.

Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон иддао кард, ки “ҷанҷолро нерӯҳои Тоҷикистон сар карданд” ва амали онҳоро “таҷовузгарӣ” номиду аз САҲА таҳқиқи сабабҳои ҳодисаро хост.

Раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, дар нишасти Варшава гуфт, чунин натиҷагирии якҷониба дуруст нест ва илова кард, ки дар он ҳодиса сарбозону сокинони наздимарзии Тоҷикистон ҳам кушта шуданд.

Намояндагони расмии Тоҷикистон дар нишаст набуданд ва вокуниши онҳо ба изҳорот маълум нест. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милал Қирғизистонро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам карда буд.

Гулгакӣ Мамасалиева, мудири дафтари созмони “Интербилим” дар Уш, рӯзи 4-уми октябр дар нишасти САҲА пурра дар бораи муноқишаи моҳи сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гап зад.

Вай иддао кард, “ҳар дафъае, ки Бишкек бе ризояти Маскав бо кишварҳои дигар санади стратегӣ имзо мекунад, ба марзаш тир андохта мешавад. Рӯзи 14-уми сентябр нерӯҳои Тоҷикистон ҳамла карданд. 134 ҳазор ғайринизомӣ маҷбур ҷойи зистро тарк намуданд. Даҳҳо ғайринизомӣ ва сарбозон куштаву бехонаву дар монданд.”

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамеша якдигарро ба шурӯи даргирӣ дар сарҳад гунаҳкор карда, ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони тоҷик дар Аврупо, гуфт, якҷониба ҳамчун кишвари таҷовузгар баҳо додани Тоҷикистон дар муноқиша дуруст нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин даргирӣ аз тарафи Тоҷикистон низ ғайринизомиён ва сарбозону афсарон, ки вазифаи худро иҷро мекарданд, кушта шуданд.

Кабирӣ афзуд, инки Тоҷикистонро як кишвари худкома меноманд, розӣ аст ва пешниҳоди ҷалби САҲА-ро барои ташхиси сабабу омилҳои ин муноқиша дуруст мешуморад.

Дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз 40 ва захмӣ ва шудани 200 ғайринизомӣ суҳбат карда, дар бораи талафоти низомиён чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ то ин дам номи беш аз 70 қурбонии даргирии марзиро гирд овард.

Ҷониби Қирғизистон дар бораи 62 кушта ва беш аз 200 захмӣ гузориш дод.

Ҷанҷоли ду тараф барои хати сарҳад аст, ки дарозияш ба тақрибан ҳазор километр мерасад, вале садҳо километри он таъину нишонагузорӣ нашудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 аз Тайланд шикаст хӯрд

Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар нимфинали мусобиқот маҳрум шуд.

Бар асоси дастури қарамонии футзали Осиё дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфтанд.

Бозии мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “В” мақоми дувумро касб карда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт, бо тими миллии Тайланд - ғолиби гурӯҳи «А» - шоми имрӯз, 4-уми октябр, дар пойтахти Кувайт – шаҳри Ал-Кувайт, дар маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ», баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Тайланд хотима ёфт. Тайландиҳо дар дақиқаи аввали бозӣ ба задани гол даст ёфтанд.

Нимаи дувуми дидор хеле пуршиддат гузашт. Ба бозигари мунтахаби Тоҷикистон Иқбол Воситзода дар дақиқаи 27-ум муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Баъди шаш дақиқа Идрис Ёров голи дувуми дастаи Тоҷикистонро ба самар расонд. Вале пас аз як дақиқа тайландиҳо ҳисобро баробар карданд – 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тайланд дар дақиқаи охирини дидор зада шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тайланд, ки бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, ба нимфинал баромад. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувум дар таърихи худ ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт, ба мисли соли 2007 дар Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ ноком шуд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар байни ҳашт дастаи зӯртарини Осиё қарор гирифт.

Дар бозии аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Ҷопон – ғолиби гурӯҳи “D” тими Индонезия – дастаи ҷойи дувуми гурӯҳи “С”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Инчунин дар бозии дувуми даври чорякниҳоӣ тими миллии Эрон – ғолиби гурӯҳи “С” мунтахаби Ветнам – дастаи ҷойи дувуми гурӯҳи “D”-ро бо ҳисоби бузурги 8:1 шикаст дод.

Бозии охирини даври чорякниҳоӣ миёни мунтахаби Узбекистон - ғолиби гурӯҳи “В” ва мунтахаби Кувайт, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро гирифт, шаби сешанбеи 4-уми октябр соати 22:00 оғоз меёбад.

Ба ин тартиб, то ҳоло се дастаи иштироккунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2022 маълум шуданд: Ҷопон, Эрон ва Тайланд.

Дар нимфинал, ки рӯзи панҷшанбе, 6-уми октябр, баргузор мешавад, мунтахаби Ҷопон бо ғолиби бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои Узбекистон – Кувайт ва мунтахаби Тайланд бо Эрон рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Чорякфинал

4 октябр (сешанбе)

Тайланд – Тоҷикистон – 3:2

Ҷопон – Индонезия – 3:2

Эрон – Ветнам – 8:1

22:00 Узбекистон – Кувайт

6 октябр (панҷшанбе)

Нимфинал

19:00 Ҷопон – ғолиби бозии Узбекистон - Кувайт

22:00 Тайланд - Эрон

8 октябр (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣ – соати 19:00

ФИНАЛ

Оғози бозӣ – соати 22:00

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG