Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама баёнияи Аҳмадинажодро "нафратангез" хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, баёнияҳои Маҳмуди Аҳмадинажод доир ба ҳамлаҳои 11 сентябр ба Иёлоти Муттаҳидаро башиддат маҳкум карда, онро “нафратангез”, “нобахшиданӣ” ва “тавҳиномез” хонд. Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе зимни суханрониаш дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, бисёриҳо бовар доранд, ки ҳукумати Амрико он ҳамлаҳоро раҳандозӣ кардааст. Барак Обама дар сӯҳбат бо бахши форсии Би Би Си гуфт, чунин баёнияи Аҳмадинажод дар маҳалли начандон дуре аз маҳалли вуқӯъи ҳамлаҳои 11 сентябр тавҳиномез аст. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Катерин Эштон, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо баёнияи Маҳмуди Аҳмадинажодро “ошуфтакунанда ва ғайриқобили қабул” хонданд.
XS
SM
MD
LG