Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони давлатӣ Аҳмадовро масъули нооромиҳо номид


Телевизиони Тоҷикистон дар як гузориши махсус Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Раштро масъули ҳамла ба корвони Вазорати дифоъ дар Камароб номид. Дар ин гузориш гуфта мешавад, Аҳмадов муддати тӯлонӣ Мулло Абдуллоро дар манзили худ пинҳон карда ва таълимгоҳҳоеро таъсис додааст, ки дар онҳо ҷавонон сабақи террористӣ мегирифтаанд. Дар ҳоле ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар минтақа амалиёти густардаи зиддитеррористӣ пеш мебаранд, сарнавишти худи Аҳмадов номаълум боқӣ мемонад. Робитаи телефонӣ бо минтақа қатъ ва вуруди хабарнигорон ба он мамнӯъ мебошад.
XS
SM
MD
LG