Амрико аз қарори раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҷиҳати манъи фурӯши шабакоти дифоъи мушакии S-300 ва таслиҳоти дигар ба Эрон “шадидан” истиқбол кард. Кохи Сафед ин тасмими Медведевро баёнгари қатъияти раҳбарии ӯ номид. Қаблан генерал Николай Макаров, фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия гуфт, Русия ба далели мухолиф будани ин қарордод бо таҳримоти байналмилалии зидди Эрон аз фурӯши ин таслиҳот ба Теҳрон даст кашидааст. Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров пештар мегуфт, ки фурӯши мушакҳои S-300 бо ин таҳримот дар таноқуз нест.
Русия қарордоди фурӯши ин таслиҳотро бо Эрон чанд сол қабл имзо карда буд, вале ба маҳзи эътирози Исроилу Амрико то кунун дар иҷрояш маътал мекард.
Русия қарордоди фурӯши ин таслиҳотро бо Эрон чанд сол қабл имзо карда буд, вале ба маҳзи эътирози Исроилу Амрико то кунун дар иҷрояш маътал мекард.