Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави қудратҳои ҷаҳонӣ ба Эрон


5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва ИА ба Эрон боз як имкони дигари музокирот ба хотири ҳалли баҳси барномаҳои ҳастаияшро пешниҳод карданд. Вузарои хориҷаи Амрикову Бритониёву Фаронса ва Чину Русия ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк мулоқот доштанд. Ин гурӯҳ дар баёнияаш мегӯяд, ҳадафаш аз роҳи музокирот расидан ба як роҳи ҳалли фарогири дарозмуддатест, ки эътимоди ҷаҳон ба табиати ғайринизомӣ доштани барномаҳои ҳастаии Эронро барқарор кунад.
Эрон мегӯяд, ҳадафаш аз пешбурди ин барнома тавлиди маводи сӯхти ҳастаист, на сохтани таслиҳот.
XS
SM
MD
LG