Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати чоргонаи сулҳи Ховари Миёна аз Исроил


Чоргонаи сулҳи Ховари Миёна, ки Амрико, ИА, СММ ва Русияро дар бар мегирад, аз Исроил даъват кард, мораторий барои шаҳраксозиашро тамдид кунад. Дипломатҳои аршади чоргона дар ҳошияи нишасти зидди фақри СММ дар Ню-Йорк мулоқот карданд. Амрико талош дорад, музокироти сулҳеро, ки рӯзи 2 сентябр аз сар гирифта шуд, ҳифз кунад. Аммо фаластиниҳо гуфтаанд, ки агар мораторийи Исроил ба рӯи барномаи шаҳраксозиаш лағв шавад, онҳо аз музокирот хориҷ хоҳанд шуд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қаблан гуфта буд, ки ин мораторийро тамдид намекунад.
XS
SM
MD
LG