Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 30 ошӯбгар дар шимолуғарби Покистон


Полиси Покистон мегӯяд, дар даргириҳои минтақаи нимақабоилӣ дар шимолуғарби ин кишвар аз рӯзи шанбе ба ин сӯ ба камияш 30 ситезаҷӯ кушта шудаанд. Ба қавли ин манбаъ амалиёт дар минтақаҳои Паспанва, Ҳасанхел ва Бора ҷараён гирифта, дар он ҳамчунин се корманди полис кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Полис мегӯяд, дар амалиёт нерӯҳои артиши Покистон низ ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG