Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати ИМА вазъ дар Раштро назорат мекунад


Сафорати ИМА дар Душанбе таҳаввулот дар манотиқи шарқи Тоҷикистонро таҳти назорат дорад. Даниэл Вамплер, масъули матбуотии сафорат дар ин бора ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки “ИМА аз рӯйдодҳои рӯзи 19 сентябр дар водии Рашт рӯхдода нигарон ва аз талафоти ҷонии нерӯҳои давлатӣ амиқан андӯҳгин аст. Мо назорати вазъи водии Раштро идома медиҳем, ки ҳамоно ноустувор боқӣ мемонад”.
Даниэл Вамплер дар посух ба суоли мо дар бораи вокуниши Вошингтон ба дархости эҳтимолии низомии Тоҷикистон аз Амрико дар сурати бештар ноором шудани авзоъ гуфт, “то ҳол ҳукумати Тоҷикистон аз мо чунин дархост накардааст. Ман намехоҳам дар заминаи дархостҳои эҳтимолии ҳукумат ва ё иқдоми сафорати мо ҳадс бизанам. Вале метавонам бигӯям, ки бахши аъзами кӯмакҳои мо ба сохторҳои амниятӣ ва ҳифозати марзи Тоҷикистон ироа мешавад”.
XS
SM
MD
LG