Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс ва Морин: Таҳримоти зидди Эрон хеле кор дод


Вузарои дифоъи Амрикову Фаронса гуфтаанд, таҳримоти нави эъмолшуда болои Эрон метавонад ба Ҷумҳурии исломӣ таъсир гузорад. Роберт Гейтс гуфт, даври ахири таҳримот, ки СММ дар моҳи июн тасвиб кард, ба кишварҳои алоҳида ҳаққ медиҳад, алайҳи Теҳрон иқдомоти ҳатто шадидтар бигиранд.
Вазири дифоъи Амрико гуфт, зоҳиран ин таҳримот алайҳи Эрон назар ба ончӣ ки интизор мерафт, пайомадҳои хеле муассиртару сангинтаре ба дунбол доштааст.
Вазири дифоъи Фаронса Эрве Морин, ки бо Гейтс дар Вошингтон мулоқот дошт, гуфт, ба бовари ӯ, ин таҳримот ба баҳс дар дохили раҳбарияти Эрон оғоз гузоштааст.
XS
SM
MD
LG