Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус фарзияи қатли хабарнигорро таҳқиқ мекунад


Андрей Швед, муовини додситони кулли Ҷумҳурии Белорус, дирӯз гуфт, ин ниҳод чанд фарзияи марг, аз ҷумла худкушӣ ва қатли Олег Бябенин, хабарнигори шинохтаи ин кишварро таҳқиқ мекунад. То дирӯз мақомот мегуфтанд, ки Олег Бябенини 36-сола ва муассиси торнамои мухолифи ҳукумат мавсум ба Чартер 97 худкушӣ кардааст. Ӯро рӯзи 3 сентябр дар манзилаш овехта пайдо карданд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мақомоти Белорус хостааст, то марги асроромези Бябенинро бетарафона таҳқиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG