Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи сафари Э. Раҳмон ба Амрико муайян мешавад


Бино ба иттилои дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи дувуми моҳи сентябр ҳамзамон бо ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк, дар ҷаласаи дувуми сарони кишварҳо дар бобати муколама ва ҳамкории адён ба хотири сулҳ суханронӣ хоҳад кард. Ҷаласаи қаблии муколамаи адён дар моҳи октябри соли 2007 дар чаҳорчӯби Маҷмаи умумии Созмони Милал баргузор гашта буд. Ҳамчунин интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню Йорк бо сарони бархе аз давлатҳо, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ва Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ, Икмолиддин Эҳсоноғлу дидору гуфтушунид кунад. Тоҷикистон ҳоло раёсати даврии ин созмонро ба ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG