Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Бағдод дастикам 7 тан кушта шудаанд


Пулиси Бағдод мегӯяд, ҳамлаи як бомбгузори интиҳорӣ ва силоҳбадастон ба пойгоҳи низомии Русафо дастикам 7 кушта ва беш аз 20 захмӣ ба ҷо гузошт. Аммо ин рақам аз сӯи давлати Ироқ расман тасдиқ нашудааст. Як мақоми бемористони Бағдод ба Франс Прес гуфт, аҷсоди 8 куштаро ба чашми худ дидааст.
Ҳамлаи имрӯза дуруст алайҳи пойгоҳе буд, ки рӯзи 17 август дар он бар асари як чунин ҳамлаи дигар 59 нафар кушта шуданд. Ҳамлаи кунунӣ дар ҳолест, ки аз эълони Вошингтон дар бораи хатми амалиёти ҷангии Амрико дар Ироқ ҳанӯз як ҳафта ҳам нагузаштааст.
XS
SM
MD
LG