Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи "Амалиёти тулӯи тоза"


Имрӯз вазири дифои ИМА Роберт Гейтс ва муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дар маросими оғози барномаи нави мусоидати низомӣ ба артиши Ироқ зери унвони “Амалиёти тулӯи тоза” ширкат карданд. Маросими мазкур як рӯз баъди он баргузор шуд, ки раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама роҷеъ ба анҷоми расмии амалиёти низомии нирӯҳои кишвараш дар Ироқ хабар дод. Дар ҷараёни ин маросим генерал Рей Одиерно масъулияти фармондеҳии ҳудудан 50 ҳазор нирӯҳои амрикоии воқеъ дар Ироқро ба ихтиёри генерал-лейтенант Лойд Остин вогузор кард.
XS
SM
MD
LG