Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди қаҳтӣ ба Афғонистон ва 9 кишвари Африқо


Афғонистон ва 9 кишвари Африқо дар садри феҳрасти кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтанд, ки барояшон хатари камбуди ғизо таҳдид мекунад. Ширкати бритониёии Меплкрофт ва Барномаи озуқаи Созмони Милал аз рӯи 12 шохис вазъи 163 кишварро баррасӣ карда, ба натиҷае расидаанд, ки Афғонистон, Конго, Эритрея, Судон, Ҳабашистон, Ангола, Либерия, Чод ва Зимбабве аз лиҳози дастрасии мардум ба ғизо ва тавонмандиҳои давлат дар таъмини озуқа дар вазъи шадидан хатарнок мебошанд. Кишварҳои скондинавӣ, Аврупои Ғарбӣ ва Шимоли АМрико дар вазъи беҳтарин қарор доранд.
XS
SM
MD
LG