Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи истиқлол дар Покистони мусибатдида


Покистон рӯзи шанбе тақрибан ҳамаи маросими идона бахшида ба рӯзи истиқлолашро лағв кард, чун гирифтори паёмадҳои селобҳои фалокатборест, ки ба зиндагии 14 миллион нафар асар гузоштааст. Раиси ҷумҳур, нахуствазир ва артиши Покистон аз баргузории тамоми маросими идонаи тарҳрезишуда барои рӯзи истиқлол даст кашидаанд. Покистон, ки соли 1947 таъсис шудааст, рӯзи шанбе 63 умин солгарди истиқлолашро таҷлил кард. Дар ҳоле, ки нигарониҳо аз густариши бемориҳои сироятӣ дар манотиқи шусташуда вуҷуд дорад, мақомоти Созмони Милал як мавриди гирифторӣ ба бемории вабо дар шаҳри Мингора, воқеъ дар дараи шимолуғарбии Своти Покистонро таъйид карданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико Покистонро аз тарафи Барак Обама, раиси ҷумҳури кишвараш табрик гуфт. Қарор аст, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал барои арзёбии ҷараёни амалиётҳои имдодӣ ба Покистон сафар кунад. Созмони Милал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, барои рафъи паёмадҳои фалокат ба Покистон 460 миллион доллар ҷамъ оварад, ки аз ин ҳисоб барои кӯмакҳои фаврӣ то кунун 150 миллион доллар ваъда шудааст. Созмони Милал мегӯяд, Покистон барои эҳёи манотиқи дар селобҳо шусташуда, ба миллиардҳо доллар мӯҳтоҷ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG