“Росатом”, ширкати ҳастаии Русия гуфт, аз рӯзи 21 август ба такмили маводи сӯхти реактори нирӯгоҳи ҳастаии Бушеҳри Эрон шурӯъ хоҳад кард. Сухангӯи “Росатом” Сергей Новиков такмили маводи сӯхтро як гоми калидӣ дар роҳи ба кор андохтани реактори нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон номид, ҳарчанд ин ба маънои аз ҳамон рӯзи 21 август ба кор даромадани худи нирӯгоҳ нест. Раҳбари созмони ҳастаии Эрон Алиакбар Солеҳӣ низ инро тасдиқ кардааст.
Кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки Эрон талош дорад ба сохтани бомби ҳастаӣ даст биёбад. Ғарб ба ин далел ба ҳамдастии Русия дар эҳдоси нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон нигоҳи интиқодӣ дорад. Аммо Маскав мегӯяд, тарҳи нирӯгоҳи Бушеҳр комилан ғайринизомист ва наметавонад барои барномаҳои низомӣ истифода шавад.