Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ширкати Э.Раҳмон дар мулоқоти сарони СПАД


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 21-уми август ба Арманистон сафар ва дар мулоқоти ғайрирасмии сарони созмони Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои ҳамсуд(СПАД) ширкат мекунад. Қарор аст, дар ин нишаст, масъалаҳои таҳкими равобити кишварҳои узв, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва авзоъ дар Қирғизистон баррасӣ шаванд. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои Паймони амнияти дастаҷамъиянд, ки худро иттиҳоди шабеҳи НАТО мешуморад, аммо дар амал таъсири муҳиме ба вазъи амниятӣ дар кишварҳои узв надорад.
XS
SM
MD
LG