Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи инфиҷорҳои пурқурбонӣ дар бозори Басра


Бино ба хабарҳо, бар асари силсилаи таркишҳо дар бозори Басра, дуввумин шаҳри бузурги Ироқ, дастикам 20 нафар кушта шудаанд. Хабарҳое аз қавли мақомоти ироқӣ дар бораи ҳалокати беш аз 40 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 тани дигар ба даст мерасанд, вале ҳанӯз расман тасдиқ нашудаанд.
Сабаби таркишҳои рӯзи шанбе дар бозори Ал-Ашъор низ ҳанӯз рӯшан нест. Бархе мақомот дар бораи таркиши дастикам 1 мошини бомбгузоришуда сӯҳбат мекунанд, вале раҳбари пулиси Басра гуфтааст, зоҳиран як генератори хароб боиси инфиҷорҳо шудааст. Таркишҳои Басра дар пасманзари силсилаи ҳамалотест, ки дирӯз дар саросари Ироқ дастикам 7 корманди пулисро кушта ва чандин тан аз афроди ғайринизомиро куштаву захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG