Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Тоҷикистон аз барномаи ҳастаии Эрон


Тоҷикистон мегӯяд, аз барномаи ҳастаии Эрон, ки ҳадафи таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Канада қарор гирифтааст, пуштибонӣ мекунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, кишвараш мухолифи тавлиди силоҳи ҳастаӣ, дар ҳар гӯшаи олам, аз ҷумла Эрон аст, аммо аз ҳаққи Эрон ба пажӯҳишҳои ҳастаӣ ва истифодаи сулҳомези нерӯи атомӣ ҷонибдорӣ мекунад. Зарифӣ муносибатҳои Тоҷикистон бо Эронро рӯ ба густариш ва бино бар усули пазируфташудаи байналмилалӣ номид.
XS
SM
MD
LG