Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳриҳои ИА бар зидди Эронро маҳкум кард


Русия бастаи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эронро "ғайри қобили қабул" арзёбӣ кард. Рӯзи душанбе вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо барои пешгирӣ аз барномаҳои зиддунақизи Эрон таҳримҳои худро ба тасвиб расонданд. Ин таҳримҳо нибат ба таҳримҳои моҳи гузаштаи Шӯрои Амнияти СММ хеле шадидтар мебошанд. Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо талошҳои байналмиллалиро барои рафъи нигарониҳо аз барномаҳои ҳастаии Эрон метавонад халалдор кунад. Русия ҳамчунин таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар зидди Эронро маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG