Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Путин ба ҷосусони табодулшуда


Бино ба иттилои хабаргузории Ройтерз, нахуствазири Руссия Владимир Путин гуфтааст, ки бо гумоштагони рус, ки моҳи гузашта ба гумони ҷосусӣ дар Амрико дастгир шуда, бо «ҳамкасбони» худ мубодила шуданд, мулоқот анҷом додааст. Путин барои онҳо ояндаи равшане дар Руссия ваъда додааст.

Вай ҳангоми сафари худ ба Укроин дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «Бидуни шак онҳо аз зиндагии дурахшоне бархурдор хоҳанд буд».

Гуфта мешавад, ин даҳ ҷосуси русӣ ба таври ниҳоят сиррӣ ва мармуз ба нафъи Руссия кор мекарданд ва як моҳ қабл дастгир шуда баъдтар ба чор нафар, ки гумон меравад, бо шабакаҳои истихборотии ғарбӣ ҳамкорӣ доштаанд, иваз карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG