Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаш тарафдори Маҳмуд Худойбердиев


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, сар аз соли равон то кунун шаш тан аз тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев полковники ошӯбгарро боздошт ва ду нафари онҳоро ба зиндон маҳкум кардаанд. Абдураҳмон Бузмаков, раҳбари раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, гуфтааст, се тани онҳо дар Қӯрғонтеппа ва се нафари дигар дар Кӯлоб боздошт шудаанд. Ба гуфтаи Абдураҳмон Бузмаков, таҳқиқи парвандаи чаҳор нафар аз пайравони Худойбердиев идома доштааст.
XS
SM
MD
LG