Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин 12-ӯмин ниругоҳи ҳастаии худро бунёд мекунад


Матбуоти давлатӣ эълон кардааст, ки Чин нақшаи бунёди ниругоҳи барқи ҳастаӣ дар минтақаи Гуансӣ дар ҷануби ин кишварро ба тасвиб расондааст. Дар марҳалаи аввал барои бунёди ниругоҳ 3,5 миллиард доллар сармоягузорӣ мешавад. Ин ниругоҳ дорои реакторҳои ҳастаии 1,08 геговат тавоноӣ мебошад. Қарор аст, ки реактори аввали ин ниругоҳ соли 2015 ва реактори дуввуми он соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин ниругоҳ дорои 6 реактор аст ва тавоноии ҳар яки он як гегават ниру хоҳад буд. Ҳоло Чин 11 ниругоҳи барқи ҳастаӣ дорад.
XS
SM
MD
LG