Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳинд дар бархӯрди қатор 60 нафар кушта шуд


Мақомоти расмии Ҳидустон мегӯянд, дар ҳодисаи бархӯрди ду қатори мусофирбарӣ дар шарқи ин кишвар бештар аз 60 нафар кушта, зиёда аз 100 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар шаҳраки Сейнтиаи аёлати ғарбии Бангола дар истгоҳи роҳи оҳан як қатори мусофирбар ҳангоми ҳаракат ба қатори дигар бархӯрдааст. Мақомот мегӯянд, мумкин аст шумораи кушташудагон афзоиш ёбад. Гурӯҳҳои наҷот дар соатҳои аввал ҷасадҳо ва захмиҳоро аз зери пораҳо берун мекашиданд. Сабаби бархӯрди ду қатор то ҳол эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG