Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ҷумҳурии Кабардину Балқари Русия


Бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришудае дар минтақаи Кабардину Балқари Русия панҷ нафар, аз ҷумла маъмурони амниятӣ маҷрӯҳ шудаанд. Додситони минтақа гуфт, бомбро дар шаҳри Нортқалъа зери мошини як маъмури маҳаллии Эф Эс Бе, Хадамоти федероли амнияти Русия гузоштаанд ва он пеш аз нимашаби ҷумъа мунфаҷир шудааст. Ҷумҳурии Кабардину Балқари Русия, ки умдатан мусулмоннишин аст, дар гузашта низ гоҳ-гоҳ шоҳиди ҳамлаҳои ифротгароён шудааст.
XS
SM
MD
LG