Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти вазирони САҲА дар Қазоқистон


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо имрӯз дар Алмато нишасти дурӯзаи ғайрирасмиро оғоз карданд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, Аскар Абдураҳмонов, гуфт, амният дар Аврупо ва Авруосиё ва ҳамчунон авзоъ дар ҷануби Қирғизистон ва Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи ширкатдорони ҳамоиш қарор хоҳанд дошт. Қазоқистон, раиси даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо инчунин умедвор аст, ки даъвати худро ба аввалин ҷаласаи сарони кишварҳои узв дар Остона дар ин нишаст пеш хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG