Миҳай Гимпу-иҷрокунандаи мақоми раёсати ҷумҳурии Молдова мегӯяд, ҳукми Додгоҳи Олӣ дар бораи лағви фармони вай роҷеъ ба баргузории "Рӯзи ишғоли Шӯравӣ" ангезаҳои сиёсӣ дорад. Оқои Гимпу, ки дар ҷануби Молдова машғули боздид аз манотиқи осебдида аз селоб буд, дар як мусоҳибаи телефонӣ бо бахши Молдоваи радиои Озодӣ гуфт, вай дар ояндаи наздик тасмим хоҳад гирифт, ки ин ҳукми Додгоҳи Олиро қабул кунад ё хайр. Вай афзуд, қабл аз тасмим сабабҳои ҳукми додгоҳро хоҳад омӯхт. Моҳи гузаштаМиҳай Гимпу-иҷрокунандаи мақоми раёсати ҷумҳурии Молдова фармони зиддунақизе содир ва 28-ӯми июнро "Рӯзи ишғоли Шӯравӣ" эълон кард.