Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду санъатшиноси рус мунтазири ҳукми додгоҳии худ


Қарор аст, имрӯз додгоҳи Русия ҳукми як ҳунаршинос ва мудири осорхонаеро содир кунад, ки ба барангехтани адовати мазҳабӣ муттаҳам мешаванд. Андрей Ерофеев ҳунаршинос ва Юрий Самодуров, мудири собиқи як осорхонаро, ба он муттаҳам мекунанд, ки бо баргузории як намоишгоҳи рассомии баҳсбарангез дар соли 2007 кинаву адовати мазҳабӣ барангехтаанд. Дар намоишгоҳи “Ҳунари мамнӯъ” дар осорхонаи Андрей Сахаров дар шаҳри Маскав, расми ҳазрати Исои Масеҳро бо сари Миккӣ Маус, як қаҳрамони филмҳои тасвирӣ ба намоиш гузошта буданд. Барои ин кор Шӯрои мардумӣ, як гурӯҳи миллатгарои ортодокс, баргузоркунандагони намоишгоҳро ба додгоҳ кашид. Дар сурати собит шудани гуноҳ, ба Андрей Ерофеев ва Юрий Самодуров, се соли зиндон таҳдид мекунад. Сенздаҳ, ҳунарманди маъруфи Русия ҳафтае пеш бо нашри номаи саркушода ба Дмитрий Медведев “аз ӯ хостанд, то муҳокимаро фавран хотима диҳад”.
XS
SM
MD
LG