Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Сутягин ба оилааш гуфтааст, ки дар Лондон мебошад


Игор Сутягин, пажӯҳишгари назорат бар таслиҳот, ки зимни табодулаи ҷосусони Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба озодӣ баромад, ҳоло дар Бритониёст ва дар яке аз шаҳрҳои атрофи Лондон мебошад. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ин бора аз як гуфтугӯи телефонӣ бо ӯ хабардор шудаанд. Дар ин бора вакили мудофеи Сутягин, Анна Ставитская ба Радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Игор ба ҳамсараш занг зада гуфтааст, ки дар як шаҳраки хурди Бритониёст, ки ҳанӯз номи онро ҳам намедонад. Вай ҳамроҳаш шиносномаи русӣ дорад ва ҳамчунин гузарномаи хориҷии русӣ, вале раводиди вуруд ба Бритониёро надорад ва биноан берун рафта наметавонад. Умедвор аст, ин расмиятҳо то рӯзи душанбе ҳал шаванд."

Пажӯҳишгари 45-сола Игор Сутягин ҳамеша гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва он маълумотеро, ки ӯ мунташир сохтааст, аз ҳамаи манобеи мавҷуда метавон дастрас намуд. Дар бузургтарин табодулаи ҷосусон байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия 10 нафар аз тарафи Вошингтон бо 4 нафар аз тарафи Маскав бо ҳам иваз шуданд.
XS
SM
MD
LG