Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Маттис курсии пешини Петреусро соҳиб мешавад


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, номзадии генерал Ҷеймс Маттисро ба мақоми фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико пешбарӣ кард. Қарор аст ӯ дар ин мақом генерал Дэвид Петреусро иваз кунад, ки чанде қабл фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон таъин шуд. Роберт Гейтс зимни муаррифии номзадии генерал гуфт, ки "Ҷеймс Маттис худро чун ходими барҷастаи низомӣ ва дорои афкори интиқодӣ намоиш дод. Фаҳмиши ӯ дар бораи тарзҳои доир кардани ҷанг дар қарни 21 рӯи ақидаҳои шахсии ман дар бораи тартибу низоми ояндаи нерӯҳои мусаллаҳ таъсир гузоштааст".
Номзадии генерал Ҷеймс Маттис бояд аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама ва Сенати ИМА пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG