Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун дафтари СММ дар Коломборо баст


Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар бораи бастани дафтари ин ниҳод дар Шри-Ланка амр содир кард. Ба иттилоъи хабаргузории Франс-Пресс ин тасмим – вокуниш ба намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти кишвар Коломбо ба думболи таъсиси комиссиюни СММ барои тафтиши нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Шри Ланка аст. Қаблан хабар дода мешуд, ки эътирозгарон бинои дафтари СММ дар Коломборо муҳосира кардаанд. Вимал Вираванса, як вазири ҳукумати Шри-Ланка, дар канори бинои дафтари СММ гуруснанишинии бидуни мӯҳлат эълон кард.
Ба иттилоъи СММ, тайи 25 соли набардҳо миёни артиши Шри-Ланка ва мусаллаҳони гурӯҳи “Бабрҳои Тамил-Илама” даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла, мардуми осоишта кушта шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва раҳбарони бархе кишварҳо дар ин ҷиноёт даст доштани ҳарду ҷонибро байид намедонанд.
XS
SM
MD
LG