Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ТоҷикЭйр аз талоши пойин бурдани нуфузи ширкат


Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон изҳор намуд, ду муассиса -“Ширкати таъминоти маводи сӯхт” ва фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ки қаблан ба “ТоҷикЭйр” шомил буданд, барқасдона нуфузи ширкати миллии ҳавопаймоиро пойин мебаранд. Сухангӯи “ТоҷикЭйр” Лола Кенҷаева ба хабаргузориҳои маҳаллӣ хабар дод, кормандони фурудгоҳи Душанбе ба мусофирон гуфтаанд, ки ТоҷикЭйр варшикаста шудааст ва онҳо бояд аз хизмати дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ахиран парвозҳои ширкати "ТоҷикЭйр" ба Маскав, Хуҷанд ва Санкт-Петербург барои даҳ соат ба таъхир уфтод. Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи муасссиаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" гуфт, ки сабаби таъхир дар парвозҳо - қарздории ширкати "ТоҷикЭйр" барои маводи сӯхт аст. Ӯ афзуд, ки айни ҳол баҳси миёни ширкати миллии ҳавопаймоӣ ва "Ширкати таъминоти маводи сӯхт" ҳал шудааст ва ҳавопаймоҳо тибқи ҷадвали муқарраршуда парвоз мекунанд.
XS
SM
MD
LG