Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дейвид Петреус вориди Афғонистон шуд


Дейвид Петреус, генерали амрикоӣ, вориди Афғонистон шуд, то масъулияти нерӯҳои байналмилалиро дар ин кишвар бар ӯҳда бигирад. Дейвид Петреусро ҳафтае пеш сенати Амрико, ба мақоми фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон таъйид кард. Фармондеҳи пешини ин нерӯҳо Стейнлӣ Маккристал, баъди нашри суханҳои таҳқиромезаш дар ҳаққи мақомоти баландпояи ҳукумати Амрико аз мақомаш истеъфо дод. Нақши Дейвид Петреусро дар ором кардани авзоъ дар Ироқ бисёр муҳим медонанд. Ӯ ҳушдор додааст, ки нерӯҳои байналмилалӣ тобистони имсол ҷангҳои сахте пеши рӯ доранд.
XS
SM
MD
LG