Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври аввал ва бенатиҷаи раъйгирии Олмон


Даври аввали раъйгирӣ барои интихоби раиси ҷумҳури Олмон бенатиҷа анҷом ёфт, зеро номзади ҳукумати эътилофии Олмон ба ин мақом раъйи кофӣ ба даст наовард. Ба тарафдории Кристиан Вулф, номзади пешниҳоди аз тарафи ҳукумати эътилофӣ ба раҳбарии Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз миёни 1244 вакили порлумон ва намояндаҳои вилоятҳои Олмон танҳо 600 нафар раъй додаанд, ки раъйи кофӣ нест. Йоахим Гаук, роҳиб ва дигарандеши маъруф аз Олмони собиқи шарқӣ, ки номзади аҳзоби мухолифи Сотсиал Демократ ва Сабзҳост, 499 раъйро ба даст овард. Даври дуввуми раъйдиҳӣ ҳамин рӯз баргузор мешавад ва даври саввум ва ниҳоӣ кофист, ки номзад назар ба рақибонаш орои бештарро ба даст орад. Олмон ба ҷойи Ҳёрст Келлер, ки моҳе пеш аз мақомаш истеъфо дод, раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад. Мақоми раиси ҷумҳур дар Олмон як мақоми ифтихорӣ аст, вале барои ҳукумати эътилофии Олмон ба раҳбари Ангела Меркел имтиҳони нерӯмандӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG