Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз Чин эътирофи ҳамла ба киштии Сеулро талаб кард


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама талаб кард, ки Чин нақши Кореяи Шимолиро дар ҳамла ба киштии Кореяи Ҷанубӣ эътироф кунад. Таҳқиқи байнулмилалӣ нишон дод, ки 26-уми марти соли равон Кореяи Шимолӣ бо истифод аз торпедо киштии ҷангии Кореяи Ҷанубиро ғарқ кард. Мақомоти Пхенян ин хулосаро рад мекунанд ва Чин ҳам ризоият надод, то Кореяи Шимолӣ масъули ҳамла дониста шавад. Обама гуфт, эҳтиёткории Чинро дар нисбати ҳамсояаш мефаҳмад, аммо байни эҳтиёткорӣ ва нодида гирифтани ошкорои мушкил бояд тафовут мавҷуд бошад. Обама ин нуктаро дар дидораш бо раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао дар ҳошияи нишасти Торонто баён доштааст. Кореяи Ҷанубӣ масъаларо ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал бароварда буд, аммо бо сабаби мухолифати Чин баррасии он номумкин гашт.
XS
SM
MD
LG