Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни Ваҳдати тоҷикон дар варзишгоҳи Хоруғ баргузор шуд


Имрӯз дар Тоҷикистон 13-ӯмин солгарди Рӯзи Ваҳдат баргузор шуд. Соли ҷорӣ маркази аслии маросимҳои ҷашни ваҳдат ба Хоруғ кӯчидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросимҳо ширкат ва дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар ҳузури ширкаткунандагони маросим суханронӣ кард. Баъд аз хатми суханронии раиси ҷумҳур овозхонони саршиноси Тоҷикистон барномаи ҳунурӣ иҷро карданд. Ду соли пеш баъд аз эътирози фармондеҳони Иттиҳоди мухолифони пешин аз ҷабҳаи Бадахшон раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки 13-ӯмин солгарди ҷашни Ваҳдат дар маркази Бадахшон баргузор хоҳад шуд. Аз он замон то ҳол дар Хоруғ ва баъзе аз ноҳияҳои ин вилоят муассисаҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои хурди тиҷоратӣ сохта шуд. Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе низ ба муносибати ин ҷашн тадобири фарҳангиву ҳунарӣ анҷом гирифт.
XS
SM
MD
LG