Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳистон сафар кард. Қарор аст, ки ӯ дар маросимҳои тантанавӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ширкат кунад ва ҳамчунин бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа ошно шавад. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисиҷумҳур, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон то охири ҳафта идома хоҳад кард. Раисиҷумҳур дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чанд иншооту идора ширкат мекунанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ беш аз 130 иншооти хурду бузург бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG