Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ҳафт мубталои полиомиелит ошкор шудаанд


Дар Русия ҳафт ҳодисаи мубталоӣ ба бемории фалаҷи кудакон ё полиомиелит ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора раиси Хадамоти беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко ба хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, маризон дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои Челябинск, Свердловск ва Иркутск ошкор карда шудаанд.
Бар асари хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон мақомоти Русия вуруди кӯдакони то шашсолаи тоҷик ба кишварро манъ карданд. То ҳафтаи гузашта Маскав вуруди меваи хушки Тоҷикистон ва кишварро ҳам мамнӯъ карда буд.
XS
SM
MD
LG