Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди фарзанди Мунтазирӣ аз мақомоти Эрон


Аҳмад Мунтазирӣ, фарзанди Оятуллоҳ Мунтазирӣ, рӯҳонии фақиди маъруфи Эрон зимни ирсоли номае ба рӯҳониёни шиъамазҳаб, аз бастани дафтари падараш дар шаҳри Қум интиқод кард. Баъди ҳамлаву харобкорӣ дар дафтари Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар шаҳри Қум дар ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз маъмурони амниятии Эрон дафтари Оятуллоҳ Мунтазириро иҳота карда ва як рӯз баъд дари онҳро мӯҳр заданд. Аҳмад Мунтазирӣ ба Радиои Фардо гуфт, мояи таасуф аст, ки ба шаъни як рӯҳонии воломақомро баъди маргаш ба ин шева тавҳин кунанд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ аз рӯҳониёни дигарандеши Эрон буд, ки аз низоми феълии ҷумҳурии исломӣ ва раҳбаронаш башиддат интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG