Бар асари инфиҷор дар шаҳри Туз-Ҳурмато, воқеъ дар 170 километрии шимоли Бағдод, ду нафар кушта ва 45 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полиси Ироқ, мошини ҳомили маводи тарканда дар канори манзили як мансабдори Шӯрои вилояти Киркук инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса ба чандин манзили зист осеб расидааст.