Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Дар Қирғизистон 400 ҳазор нафар беҷо шудааст"


Созмони Милали Муттаҳид имрӯз гуфт, бар асари низоъҳои қавмӣ дар Қирғизистон, то кунун 400 ҳазор нафар ё аз хонаҳои худ ё аз ин кишвар гурехтаанд. Элизабет Бирс, сухангӯи Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал, гуфт, теъдоди оворагон дар Ӯзбакистон ба истиснои кӯдакон тахминан аз 75 то 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ба тахмини Созмони Милал 300 ҳазор нафари дигар беҷо шудаанд. Азимбек Бекназаров, муовини раҳбари давлати муваққат дар Қирғизистон гуфт, имрӯз вазъ дар шаҳри Ӯш нисбатан ором будааст: Шаб орому осуда гузашт. Аммо дар баъзе ҷойҳо, дар наздикии Ӯш дар рустои Наримон, тирандозиҳои алоҳида сурат гирифт. Дар маҷмӯъ авзоъ дар шаҳр ором аст ва зиндагӣ аз нав ба маҷрои оддии худ бармегардад. Баъзе аз мағозаву қаҳвахона ва нонвойҳо кор мекунанд." Дар низоъҳои қавмии Қирғизистон то кунун 187 нафар кушта ва тақрибан 2000 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG