Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба ҷои Тоҷикистон ба Узбакистон посух медиҳад


Ширкати давлатии роҳи оҳани Эрон гуфт, агар Узбакистон вагонҳои ҳомили бору колои Тоҷикистонро иҷозаи ҳаракат надиҳад, ҳаракати қаторҳои Узбакистонро аз қаламрави худ бозмедорад. Беҳрӯз Бландӣ-як мақоми роҳи оҳани Эрон ба радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо ба ширкати роҳи оҳани Узбакистон номае фиристодааст ва хостааст, ки Узбакистон қаторҳои Тоҷикистонро, ки моҳҳост дар қаламрави Узбакистон нигаҳ дошта мешаванд, иҷозаи ҳаракат диҳад, дар сурати ғайр Эрон низ қаторҳои Узбакистонро раҳо намекунад. Оқои Баландӣ гуфт, Эрон ба Туркманистон хабар додааст, ки вагонҳои Туркманистонро аз 10-ӯми июн таввасути қаламрави худ ба сӯи Узбакистон иҷозаи ҳаракат намедиҳад. Бино ба гузоришҳо ҳар рӯз Узбакистон ҳудуди 150 мошини борбари Узбакистон бо нахи пахта аз қаламрави Эрон мегузарад.

XS
SM
MD
LG