Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ба корвони нерӯҳои хориҷӣ ҳамла шуд


Тундравони мазнун дар Покистон ба корвони муҳимоти низомӣ барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи пулис, дар ҷараёни ҳамлаи имрӯза дар наздикии шаҳри Исломобод, ду нафар кушта ва ҳафт тани дигар маҷрӯҳ шудааст. Аксбардори хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” шоҳиди сӯхтани 20 контейнер дар анбор ва истгоҳи мошинҳои боркаш дар шоҳроҳе ба манотиқи шимолуғарбии ҳаммарз бо Покистон шудааст. Тарир Алам, сухангӯи пулис, ҳамлаваронро «терористоне” хонд, ки ба гуфтаи вай бо ду мошин ва шаш мотосикл ба ин маҳал ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG