Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози зидди Исроил дар Истамбули Туркия


Дар Туркия ҳазорон нафар парчамҳои Туркия ва Фаластинро дар Истаммбул ба эҳтизоз дароварданд ва бар зидди Исроил шиор медоданд. Онҳо бад-ин тариқ ҳимояти худро аз қурбониёни ҳамлаи нируҳои дарёии Исроил нишон доданд. Онҳо дар назди масҷиди Боязити Истамбул гирдиҳам омаданд ва хотираи яке аз 9 нафари шаҳрвандони кушташудаи Туркия дар ин ҳамларо гиромӣ доштанд. Гурӯҳи фаъолони ҷонибдори Фаластин рӯзи душанбе талош дошт муҳосираи чаҳорсолаи Навори Ғазаро бишканад ва кӯмакҳои башариро аз роҳи обӣ ба он ҷо расонад.
XS
SM
MD
LG