Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ироқӣ Эйрвейз" барҳам дода мешавад


Бағдод тасмим гирифтааст, ширкати давлатии “Ироқӣ Эйрвейз”-ро барҳам диҳад. Вазорати нақлиёти Ироқ ин тасмимро дар ҳоле эълон кард, ки баҳси миёни ин ширкат ва Кувайт ҳаллношуда боқӣ мемонад. Маълум нест, ки оё кай дар заминаи “Ироқӣ Эйрвейз” ширкати нави ҳавопаймоии Ироқ ташкил хоҳад шуд. Кувайт мегӯяд, ширкати ҳавопаймоии Ироқ аз ин кишвар 1,2 миллиард доллар қарздор аст. Ин қарз марбут ба ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоти дигарест, ки дар ҷараёни ҳамлаи Саддом Ҳусайн ба Кувайт дар соли 1990-1991 ғасб шуда буд.
XS
SM
MD
LG