Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз низоъи қавмӣ дар Қирғизистон


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз нерӯҳои сиёсии Қирғизистон даъват кард, ки аз жарфтар шудани низоъ дар кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Рӯзи чаҳоршанбе бар асари бархурдҳо дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби кишвар, ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар гирдиҳамоӣ дар канори донишгоҳи Дӯстии халқҳо кӣ оташ кушод. Дар Ҷалолобод қуюди шабгардӣ эълон ва вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд.
Дар изҳороти раиси даврии САҲА, вазири умури хориҷии Қазоқистон Қанот Саудобоев ба ҷилавгирӣ аз низоъҳои қавмӣ таъкид шудааст.
Қарор аст, ки имрӯз дар Қирғизистон тарҳи Қонуни асосии нави кишвар муаррифӣ шавад. Раъйдиҳӣ ба ин санад рӯзи 27 июн сурат мегирад. Ахиран ба раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева то 31 декабри соли 2011 ваколатҳои раисиҷумҳур вогузор шуд.
XS
SM
MD
LG